Сайёҳӣ дар Тоҷикистон як бахши босуръат рушдёбанда бо иқтидори дигаргунсозанда, бахусус дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, ин бахш то ҳол бо мушкилоти доимӣ, аз ҷумла ноустувории мавсимӣ, шумораи маҳдуди сертификатсияҳои “сабз”, ҳамгироии заиф бо системаҳои агро-хӯрокворӣ ва осебпазирӣ дар баробари тағйирёбии иқлим рӯбарӯ аст.
Ин камбудиҳои сохторӣ бо инфрасохтори нокифояи рақамӣ, сатҳи пасти риояи стандартҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ аз ҷониби корхонаҳои хурду миёна (КХМ) ва ҳамоҳангсозии парокандаи сиёсат шадидтар мешаванд. Иқтисоди даврӣ (ИД) ҳамчун роҳнамо барои ин лоиҳа интихоб карда шуд, зеро он муносибати систематикӣ ва ба оянда нигаронидашударо барои ҳалли ин мушкилот пешниҳод мекунад. Системаҳои хӯрокворӣ аз сабаби нақши марказии онҳо дар рушди сайёҳӣ ва потенсилаи онҳо дар пешбурди занҷирҳои арзиши маҳаллӣ, устуворӣ ва истеъмоли масъулиятнок ҳамчун ҷанбаҳои аввалияи стратегӣ муайян карда шуданд.
Дар доираи лоиҳа методологияи пешгӯии стратегӣ истифода шуд, ки ҷалби ҷонибҳои манфиатдорро тавассути гузаронидани мусоҳибаҳо, банақшагирии сенарияҳо ва тасдиқи барнома пешбинӣ мекунад. Ин равиш, ки иштироки васеи ҷонибҳои гуногунро дар бар мегирифт, имкон дод, ки тавсияҳо ба воқеияти Тоҷикистон асос ёфта, бо афзалиятҳои миллӣ дар соҳаи рушд мувофиқа карда шаванд.